Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп яке аз даҳ хатар барои Амрико аст


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп-довталаби номзадӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико яке аз даҳ хатарест, ки ҷаҳон бо он рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин бора гурӯҳи пажуҳишгарони Маркази кашфи иқтисодии Британия ба хулоса расидааст.

Ин пажуҳишгоҳ дар гузориши нави худ, ки 17 март ба чоп расид, мегӯяд, ки номзади пешсафи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ иқтисоди ҷаҳонро ба шикаст мебарад ва хатарҳои сисёсиву амниятии Амрикоро бештар мекунад.

Дар ин гузориш Трамп нисбат ба хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо ё муноқишаи низомӣ дар Баҳри Чини ҷанубӣ хатарноктар арзёбӣ шудааст.

Маркази кашфи иқтисодии Британия ба хатарҳо аз 1 то 25 хол додааст ва дар ин раддабандӣ Трамп 12 хол гирифтааст, ки он баробари афзоиши таҳдиди терроризми ҷиҳодиҳост, ки иқтисоди саросарии ҷаҳонро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст.

Маркази кашфи мазкур безории Трамп аз Чин, душмании вай бо тиҷорати озод ва мавзеъгирии вай нисбат ба Ховари Миёна ва ҷиҳоди террористиро намуна овардааст.

Таҷовузи Русия ба Украина ва Сурия, ки “ҷанги сард”-ро таҳрик мекунад, дар миёни рӯйдодҳоест, ки бештар хатарнок дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG