Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори "Озодӣ" журналисти сол эътироф шуд


Мирзонабии Холиқзод

Мирзонабии Холиқзод

Раддабандии чеҳраҳо ҳар сол аз сӯи ҳафтаномаи маъруфи "Нигоҳ" дар остонаи таҷлил аз ҷашни Наврӯз, ки ба унвони соли нави форсӣ низ ёд мешавад, сурат мегирад.

Мирзонабии Холиқзод, аз хабарнигорони собиқадори Радиои Озодӣ, бар асоси пурсиши ҳафтаномаи маъруфи "Нигоҳ", хабарнигори сол эълон шудааст. Ин раддабандӣ аз сӯи нашрияи "Нигоҳ" ҳар сол дар остонаи ҷашни Наврӯз, ки ба унвони соли нави форсӣ ҳам ёд мешавад, сурат мегирад.

Масъулони нашрияи "Нигоҳ" рӯзи 17 март гуфтанд, ки имсол дар интихоби чеҳраҳо 50 тан аз кормандони ниҳодҳои давлативу хусусӣ, адибон ва рӯзноманигорон аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва ҳатто хориҷ аз он иштирок кардаанд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, "хабарнигори Радиои Озодӣ ҳарчанд солҳои охир матлабҳои мисли қаблии худ “сахт” наменависад, аммо бештари пурсидашгудагон ба ҳунари хабарсозии ӯ баҳои баланд доданд."

Ба навиштаи "Нигоҳ", “маҳз манбаъҳои хабарии Холиқзод Радиои Озодиро ҳамоно ба расонаи таъсиргузору фазосози муҳити сиёсӣ ва иттилоотии Тоҷикистон нигоҳ доштааст."

Мирзонабии Холиқзод аз соли 1995 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дорад ва дар гузашта раҳбарии дафтари бахши тоҷикии ин радио дар Душнаберо бар ӯҳда дошт. Ӯ баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1985, ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавии Телевизиони Тоҷикистон ва баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст. Соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.

Бар асоси ин назарпурсии "Нигоҳ", имсол Эмомалӣ Раҳмон “Сиёсатмадори сол” эътироф шудааст. Ба қавли коршиносони ҳафтанома, “Раҳмон дар як соли охир тавонист ба пуррагӣ нерӯмандтарин оппозитсияи даруниро шикаст диҳад ва оппозитсияи бурунаро, ки ба тозагӣ сар баланд мекард, низ хунсо намояд ва нагзорад, ки онҳо ба ҳам оянд.”

Дар бахши “Мансбадори сол” Маҳмадсаид Убайдуллоев, “Бонкдори сол” Муродалӣ Алимардон ва “Соҳибкори сол” Гулбаҳор Маҳкамова баранда шудаанд. Аксари иштирокдорони пурсиши ҳафтаномаи “Нигоҳ” ин дафъа Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро “Руҳонии сол” гуфтаанд. Дар ҳоле ки ба қавли нашрия, “садои ин руҳонии маъруф дар зарфи ин як сол аслан шунида намешуд, масҷиди маъруфи хонадон баста ва сомонаи Оли Тӯраҷон ҳам дигар фаъол нест.”

Светлана Герасименко барои ковишгари Розетта аз ҷониби таҳлилагрони “Нигоҳ” “Олими сол” эълон шуда, Бузургмеҳр Ёров “Адвокати сол” гардидааст. Унвони "Оппозитсияи сол”-ро Шабнам Худойдодова, узви Гурӯҳи-24, ки дар Белорус боздошт ва баъдан раҳо гардид, ба даст оварда, Дилшод Назаров “Варзишгари сол” ва Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд “Дипломати сол” эълон шудаанд.

Исфандиёри Назар “Адиби сол”, Қурбони Собир “Ҳунарманди сол”, Ҷонибек Муродов “Сарояндаи сол” ва Барзу Абдураззоқов ва Муҳиддини Музаффар “коргардони сол” дар театр ва синамо, Фирӯз Раҳматов “Милисаи сол” шуда, ҷоизаи махсуси “Ифтихори ҷомеаи шаҳрвандӣ” насиби ҳуқуқдон Файзиниссо Воҳидова гардидааст.

“Нигоҳ” танҳо расонаест дар Тоҷикистон, ки солшуморияшро бар асоси солшумории шамсӣ ҳисоб мекунад ва шумораи аввали ин нашрия низ на дар оғози соли милодӣ, балки дар оғози фарвардин ба нашр мерасад. Соли гузашта раиси Оҷонсии мубориза бо фасод - Рустами Эмомалӣ "Мансабдори сол" ва раҳбари собиқи гурӯҳи мамнӯи "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов "Оппозитсионери сол" эълон шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG