Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нуралӣ Алиев, набераи президенти Қазоқистон, писари Дариға Назарбоева ихтиёран истеъфо дод. Вай муовини ҳокими шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон буд. Нуралӣ Алиев ин вазифаро дар моҳи декабри соли 2014 соҳиб шуд.

“Солҳои зиёде ман машғули тиҷорат будам. Шуғли дӯстдоштаам боз кардани холигоҳҳои нави тиҷоратӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодии ширкатҳост. Ба ин сабаб ман аз вазифаи муовини ҳокими Остона истеъфо додам ва акнун машғули кори дӯстдоштаам дар фазои тиҷоратӣ мешавам”, - гуфт Нуралӣ дар мусоҳиба бо Tengrinews.kz.

Нуралӣ Алиеви 31-сола, ки дар Ғарб ва Қазоқистон таҳсил кардааст, дар вазифаҳои муовини аввали раиси шӯрои иҷроияи “Нурбонк”, муовини раиси шӯрои иҷроияи “Бонки рушди Қазоқистон” ва раиси ширкати “Транстелеком” кор кардааст.

Модараш Дариға Назарбоева муовини нахуствазири кишвар мебошад. Падараш Роҳат Алиев дар моҳи феврали соли 2015 дар яке аз зиндонҳои Вена худро овехт. Вай дар робита ба парвандаи “Нурбонк”, ки замоне назорат мекард, зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG