Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Зуҳуров бо мақомоти Покистон


Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Навоз Шариф

Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Навоз Шариф

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни дидор аз Покистон бо Мамнун Ҳусейн ва Муҳаммад Навоз Шариф, раиси ҷумҳур ва нахуствазири ин кишвар мулоқот кардааст.

Ҷонибҳо ба манзури содда гардонидани интиқоли бор ва рушди тиҷорат хостори имзои Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон шудаанд.

Дар дидори раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо мақомоти Покистон мавзӯъи бунёди хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000 матраҳ гардидааст.

Дар назар аст, бунёди ин хатти интиқоли барқ 12 майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо ширкати сарони 4 кишвари узви ин тарҳ шурӯъ шуда ва дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Ҷаноби Зуҳуров аз сармоягузорони покистонӣ даъват кардааст, бо манотиқи озоди иқтисодии Суғд, Ишкошим, Панҷ ва Данғара, ки барои сармоягузорони хориҷию дохилӣ шароити мусоиди молию ҳуқуқӣ фароҳам шудааст, ҳамкорӣ кунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Покистон ишора карда ва гуфтааст, дар зарфи даҳ соли ахир гардиши мол миёни ин ду кишвар аз 100 ҳазор доллар то 100 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG