Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимоли Сурия вилояти федеролӣ ташкил мешавад


Раҳбарони курдҳо ба зудӣ дар шимоли Сурия вилояти федеролии худро эълон кунанд. Гурӯҳҳои сиёсии курдҳои Сурия дар ин бора баъд аз он тасмим гирифтанд, ки онҳоро аз музокироти сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифини Сурия дар шаҳри Женева берун карданд.

Навоф Халил, раҳбари Ҳизби муттаҳидаи демократӣ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки ҳизби ӯ хостори ташкили вилояти алоҳидаи курдҳо нест, балки мехоҳад модели федеролӣ дар ҳама манотиқи Сурия ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти федеролии шимоли Сурия курдҳо, арабҳо ва туркоманҳо ҳамроҳ ба сар хоҳанд бурд.

Идрис Ниссон, як мансабдори раёсати умури хориҷии шаҳри Кӯбонӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки вилояти нав Федератсияи шимоли Сурия номгузорӣ хоҳад шуд.

Қарор аст, эъломия дар бораи ташкили вилояти федеролии шимолӣ дар поёни конфаронси курдҳо пазируфта шавад, ки рӯзи 16 март дар шаҳри Рмейлони шимоли Сурия шурӯъ шуд.

XS
SM
MD
LG