Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Олии Кореяи Шимоли як донишҷӯи амрикоиро бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи давлат ба 15 соли бадарға маҳкум кард.

Донишҷӯ Отто Уормбер моҳи январи соли равон дар фурудгоҳи шаҳри Пхенян дар панҷумин рӯзи сафараш ба Кореяи Шимолӣ боздошт шуд. Маълум шуд, ки ӯ аз як меҳмонсаро дар пойтахт намоеро бо шиори тарғиботӣ дузидааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки Отто Уормбер ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Донишҷӯи 21-солаи амрикоӣ дар як нишасти хабарӣ моҳи феврал изҳор намуд, ки ин ҷиноятро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд.

Моҳи декабри соли гузашта як рӯҳонии дорои шаҳрвандии Канада ва Корея бо иттиҳоми харобкорӣ алайҳи давлати Кореяи Шимолӣ ба бадарғаи абадӣ маҳкум шуда буд.

Дар гузашта мақомоти Кореяи Шимолӣ борҳо алайҳи шаҳрвандони ИМА ҳукмҳои сангин содир карданд, то ба ин васила мансабдорони воломақоми амрикоиро барои сафар ба Пхенян водор кунанд. Амрико ва Кореяи Шимолӣ робитаҳои дипломатӣ надоранд. Таври маъмул, баъд аз ташрифи мансабдорони амрикоӣ Пхенян афроди муҷозотшударо озод мекунанд. Баъди ҳамин гуна ташрифи мансабдорони амрикоӣ соли 2014 се шаҳрванди боздоштшудаи ИМА маҳбасро тарк карда буданд.

XS
SM
MD
LG