Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳхати аввалин бонуи ҳиҷобпӯши амрикоӣ ба бозиҳои олимпӣ


Ибтиҳоҷ Муҳаммад
Ибтиҳоҷ Муҳаммад

Ибтиҳоҷ Муҳаммад аз нахустин узви мунтахаби Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд, ки дар бозиҳои тобистонаи олимпии соли ҷорӣ дар Рио де Жанейро бо ҳиҷобу либоси исломӣ ба майдон мебарояд.

Тобистони соли ҷорӣ Ибтиҳоҷ Муҳаммад аввалин узви мунтахаби Амрико дар бозиҳои олимпии Рио де Жанейро хоҳад буд, ки аснои мусобиқаи шамшерзанӣ ҳиҷоб ва либоси исломӣ дар тан хоҳад дошт. Дар сӯҳбат бо барномаи телевизионии Элен Деҷенерис ӯ давраи кӯдакӣ дар иёлати Ню Ҷерсиро ба ёд оварда, сабаби таваҷҷӯҳаш ба шамшерзаниро низ ошкор кард.

Ӯ гуфт, "бародаронам футболбоз ва хоҳарам воллейболбоз буданд. Ман ҳам бо онҳо бозӣ мекардам. Дар ҳар намуди варзиш модарам бароям либоси мутобиқ ба ислом таҳия мекард, ки бо остин ва ё почаҳои дароз аз дигарон фарқ мекард. Боре, вақте 12-сола будам, дар назди як мактаб мошинамонро мутаваққиф кардем ва дидам, ки дар он ҷо варзишгарон рӯй ва дасту пояшонро пӯшида буданд. Ман ҳам хостам, ки либоси онҳоро озмоиш кунам."

Аз он вақт ба ин тараф Ибтиҳоҷ Муҳаммад шамшер дар даст рақибонашро ноком мекунад.

Дар идомаи барнома ӯ бо чанд тан аз ходимони телевизион низ қуваозмоӣ намуд:

Аввалин хонуми ҳиҷобпӯши амрикоӣ ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

XS
SM
MD
LG