Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА: Русия Қримро ба Украина баргардонад


Ҷон Кирбӣ

Ҷон Кирбӣ

Вошинтон аз Маскав даъват намуд, ки ғасби Қримро қатъ кунад ва нимҷазираро ба Украина баргардонад. Дар изҳороти вижаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Ҷон Кирбӣ бахшида ба дуввумин солгарди илҳоқи Қрим ба Русия гуфта шудааст, то он замоне, ки нимҷазира ба Украина баргардонида нашавад, таҳримҳо алайҳи Маскав аз байн бурда нахоҳанд шуд.

Кохи Сафед чун пештара референдуми рӯзи 16 марти соли 2014 дар нимҷазираи Қрим дар мавриди пайвастан ба Русияро эътироф намекунад ва онро нақзи қавонини байнулмилалӣ мехонад.

Дар изҳороти Ҷон Кирбӣ гуфта шудааст, Иёлоти Муттаҳида аз авзоъ дар Қрим, ки он ҷо дигарандешӣ саркӯб ва аққалиятҳои милливу мазҳабӣ таъқиб мешаванд, сахт нигарон аст. Аз нигоҳи Вошингтон, аз ҳама бештар тоторҳои Қрим ва украиниҳо мавриди таъқибу фишор қарор гирифтаанд.

Аз ин пеш ёвари вазири умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд дар Сенат изҳор намуд, таҳримҳо алайҳи Русия дар робита ба илҳоқи Қрим то он замоне бояд боқӣ монанд, ки Кремл ин нимҷазираро таҳти назорат доранд.

Бино ба иттилои раҳбарони русгарои Қрим, ду сол пеш тақрибан 97 дар сади аҳолии нимҷазира барои пайвастан ба Русия овоз дода буданд. Аз пайвастани Қрим ба Русия фақат 11 кишвар пуштибонӣ кардаанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG