Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамила Мирбозхонова ба ҷойи Ҳумайро Мирова омад


Ҷамила Мирбозхонова

Ҷамила Мирбозхонова

Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж”, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шудааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҳоле Мирбозхоноваро сухангӯ таъин кард, ки масъули пешини маркази матбуоти ин ниҳод Ҳумайро Мирова баъд аз рухсатӣ ба кор барнагашт ва тибқи хабарҳои охирин ҳамроҳ бо чаҳор кӯдакаш ба Сурия рафтааст. Ҳумайро Мирова аз соли 2012 то соли 2015 сухангӯи ин Хадамот буд. Аз ӯ ҳамсари ғайрирасмии Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик низ ном бурда мешавад.

Ҷамила Мирбозохонава, аз рӯзноманигорони фаъоли тоҷик аст, ки то таъин шуданаш ба ин мақом дар ҳафтаномаҳои гуногуни кишвар кор кардааст. Ӯ соли 1985 дар ноҳияи Ишкошим ба дунё омада, соли 2007 корро аз нашрияи расмии ҳукумати ин ноҳия бо номи “Зиндагӣ” оғоз кардааст. Баъдан, ҳамчун хабарнигори “Чархи гардун” ба кор ҷалб шуда, дертар ҳамкориро бо ҳафтаномаи “Нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, соли гузашта аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо нишони “Аълочии матбуот ва фарҳанг” қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин дар соли 2004 ҷоизаи ҷасорати журналистӣ бо номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоевро соҳиб шудааст.

Ӯ се соли ахир хабарнигори “Фараж” буд ва бештар нишастҳои парлумониро инъикос мекард.

XS
SM
MD
LG