Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16 март бо як сафари расмӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар ин сафар оқои Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, додситони кулл Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва раҳбари Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода ҳамроҳӣ доранд.

Дар се моҳи охир ин сафари дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ аст. Дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ӯ ба Арабистони Саудӣ рафта, дар пайи боздидҳои расмӣ ҳамроҳи ҳамсар ва бархе аз фарзандонаш маносики Ҳаҷҷи умраро низ ба ҷо овард.

XS
SM
MD
LG