Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймоҳои Русия мавқеъи "террористон"-ро ҳадаф қарор додаанд


Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар рӯзи аввали размоиши муштарак дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон ба манзури иктишофи маҳал, посбонии қатори мошинҳо, интиқоли маводи захиравӣ ва фуруд овардани чатрбозон ё десантиҳо беш аз 20 парвоз анҷом додаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия, бомбаандозҳои ТУ-22МЗ, ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-25СМ, чархболҳои ҷангии Ми-24 ва боркашони Ми-8 бо истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар 25 километрии шаҳри Душанбе дар ин амалиёт ширкат кардаанд.

Зимнан, рӯзи гузаштаи 15 март дар размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон”, “Сунбула”, “Мумирак”,“Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ тамриноти муштараки низомии Тоҷикистону Русия шурӯъ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ин размоиши муштараки низомӣ, ки дар он 50 ҳазор нафар аз нерӯи захиравӣ бо шумули 2 ҳазор сарбози Русия, 250 зиреҳпӯшу танк, 20 ҳавопаймои ҷангию бомбаандозу боркаш, 12 чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ширкат мекунанд, дар масофаи 1000 километр дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сурат мегирад.



XS
SM
MD
LG