Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии полковники Хадамоти амнияти миллии Узбакистон


Полковник Игор Прожков дар маҳалли кораш бо истифода аз тири туфангча худкушӣ кардааст. Тайи чор моҳи охир ин дувумин худкушии афсарони баландпояи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аст.

Бино ба гузоришҳои расида аз Узбакистон муовини раиси бахши таъминоти моддӣ ва техникии Хадамоти амнияти миллӣ (СНБ)-и он кишвар - полковник Игор Пирожков дар пайи тафтиши фаъолияти ин бахш худкушӣ кардааст.

Хабари худкушии Пирожков ҳафтаи гузашта аз ҷониби манбаи номаълум паҳн шуд. Ҳоло ду манбаъ дар сӯҳбат бо бахши узбакии Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва номи ин сарҳангро ошкор намуданд.

Манобеи бахши узбакии Озодӣ гуфтанд, ки полковник Игор Прожков рӯзи 6 марти соли ҷорӣ дар утоқи корӣ ба сараш тир зада ва ҷон додааст. Ба қавли мусоҳибон, бахши таъминоти моддӣ ва техникӣ як шӯъбаи муҳим дар Хадамоти амнияти миллии Узбакитсон буда, тамоми масъалаҳои пулиро зери назорати доштааст.

Тайи моҳҳои охир ин бахши Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мавриди тафтиш қарор дошт ва манобеи Озодӣ мегӯянд, ки асосан мавридҳои дуздии пул боис ба тафтиши фаъолияти ин бахш шудааст. Як манбаи Озодӣ гуфт, Игор Пирожков корманди ботаҷруба буда, эҳтимол омилони воқеӣ ҳамаи гуноҳро ба сари ин афсари 50-сола бор кардаанд.

Тибқи маълумоти бахши узбакии Озодӣ дар чор моҳи охир ин дуюмин ҳодисаи худкушии афсари баландпояи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон будааст. Дар моҳи декабри соли гузашта корманди раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон низ худкушӣ карда буд.

Ҳамчунин, дар зарфи як соли охир чанде аз афсарони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон боздошт шуда, аз ҷумла полковник Ҷавод Шарифхӯҷаев ба муддати 15 сол равонаи зиндон гардид. Ҳаёт Шарифхӯҷаев, бародари Ҷавод, аз мақоми муовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон сабукдӯш шуда ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Манобеи ғайрирасмӣ чунин бархӯрд бо афсарони хадамоти амняити миллии Узбакистонро “раванди поксозии саффи кормандони ин ниҳоди қудратӣ” медонанд ва мегӯянд, ки ин ҷараён ҳанӯз ба поёнаш нарасидааст.

Илова ба ин, дар вақтҳои ахир мавридҳои худкушии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Узбакистон низ рӯ ба афзоиш будааст. Дар моҳи декабри соли гузашта корманди зиндони Балиқчии вилояти Андиҷон Диёрбек Давлатови 28-сола дар маҳалли кораш худро дор кашид.

Як моҳ пештар аз он, се афсари пулис худкушӣ карда ва капитан Шарофиддин Темиров, раҳбари шӯъбаи корҳои дохилии Гулистони ноҳияи Янгийӯл дар ҷойи кораш бо тири таппонча худро кушт. Пас аз як рӯзи он, пулиси ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд Ойбек Мамараҳимови 30-сола худро овехт.

Дар моҳи апрели соли гузашта подполковник Бахтиёр Отаев, масъули бахши Раёсати корҳои дохилии вилояти Сирдарё пас аз даъват барои бохпурсӣ ба Хадамоти амнияти миллӣ худро овехта буд.

XS
SM
MD
LG