Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Хуҷанд шаш зани муттаҳам ба танфурӯширо ба даҳ рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, як зани дигарро “барои амалҳои бадахлоқонааш” ба пардохти 400 сомонӣ ҷарима муваззаф намудааст. Манобеи додгоҳ гуфтанд, ки ин занон аз 23 то 40 сол дошта, аз сӯи маъмурони пулис дар яке аз маҳаллаҳои маркази вилояти Суғд дастгир шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз афзоиши танфурӯшӣ бонги изтироб мезананд ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2014 барои муайян ва боздошти ин гурӯҳи занону духтарон амалиёти густурдае анҷом дод. Дар пайи танҳо се рӯзи рейди милиса ва танҳо дар пойтахт беш аз 500 танфурӯш дастгир шуданд, ки гуфта мешуд, 450 тани онҳо ба бемориҳои мухталифи зӯҳравӣ гирифторанд.

Дар идомаи ин иқдом парлумони Тоҷикистон ҳам ҷазои танфурӯширо шадидтар ва барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ кард. Пештар занони танфурӯш баъд аз боздошт маъмулан бо ҷарима халос мехӯрданд.

XS
SM
MD
LG