Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз нуҳ навъи ғизои аслӣ Қирғизистон метавонад танҳо истеъмоли чор намудро дар кишвар таъмин кунад. Аз ҷумла, Қирғизистон қодир аст сокинонашро бо нон ва маҳсулоти нонӣ, картошка, сабзавоту полизот ва шир таъмин кунад. Дар ин бора нахуствазир Темир Сараев дар ҷаласаи эътилофи аксарият дар Жогорку Кенеш - парлумони Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, панҷ намуди дигари ғизои аслӣ (мева, шакар, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, тухм) аз хориҷ ворид мешавад. Дар соли 2015 ин анвои ғизоро ба кишвар ба маблағи 412 миллион доллар ворид кардаанд, ки нисбат ба ҳаҷми содирот 10,1% бештар мебошад (содирот 6,3% ё 106 миллион доллар аст).

Сарвазир гуфт, ки ба ин сабаб дар назди ҳукумат вазифаи афзоиши тавлидот, афзоиши содирот ва ҷойивазкунии маҳсулоти кишоварзии воридотӣ истодааст.

“Самтҳои асосии корҳо рушди саноати коркард, наҳваи қатраии обёрӣ, густариши марказҳои нақлиётӣ, сохтмони гармхонаҳо, иҷораи таҳҷизоти кишоварзӣ, ҳимояи хоҷагиҳои наслпарварӣ ва тухмипарварӣ, сохтмони коргоҳҳои бо фанновариҳо таъминшудаи забти чорво мебошанд”, - гуфт нахуствазир.

Сариев ёдовар шуд, ки ба ин мақсад дар соли 2016 ҳукумат қариб 4 миллиард сомро (муодили 400 миллион сомонӣ) барои додани қарзҳои боимтиёзи 10-фоизӣ ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG