Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон аз тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Бозии даври севуми Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ шоми сешанбеи 15 март дар майдони бетараф, дар варзишгоҳи «Пас»-и шаҳри Теҳрон, бо пирӯзии ироқиҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Голи аввалро дар замони изофии нимаи аввали дидор (45+1) Ҷасим Муҳаммад ба ҳадаф расонд. Голи дувумро Мардик Мардикиан дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 70-ум, ба дарвозаи “Истиқлол” ворид намуд. Ин бозиро Суҳбир Сингҳ аз Сингапур доварӣ кард.

Бозии дигари гурӯҳи “В” байни дастаҳои «Триполи»-и Лубнон ва «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “В” дастаи «Нафит Ал-Васат» бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Ал-Файсалӣ» бо 5 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва “Триполи” бо 4 имтиёз дар ҷойгоҳи севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад. «Истиқлол» дар даври аввал дар майдони худ бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дода буд. «Истиқлол» дар даври дувум дар меҳмонӣ аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

“Истиқлол” бозии даври чаҳорумро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё рӯзи сешанбеи 12 апрел дар майдони худ бо дастаи «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ анҷом медиҳад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Ҷассим Муҳаммад, 45+1 (1:0). Мардек Мардикиан, 70 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов (капитан), Парвизҷон Умарбоев (Дилшод Восиев, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Фаридун Шарифов, 78), Фатҳулло Фатҳуллоев (Акмал Холматов, 68), Александр Каблаш, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Алаа Имад («Нафит Ал-Васат»), Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Алиев, Давронҷон Эргашев, Александр Каблаш («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарин: Солеҳ Содир («Нафит Ал-Васат»).

Сардовар: Суҳбир Сингҳ (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Муҳаммадризо Касроӣ (Эрон).

15 март. Теҳрон. Варзишгоҳи «Пас». 150 тамошобин.

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) – 1:1

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG