Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Никоҳҳои хешутаборӣ ва номҳои "ғайритоҷикӣ" қонунан манъ шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои тағйиру иловаҳо ба қонуни сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Кодекси оила баҳси номгузорӣ, никоҳи хешутборӣ ва ташхиси пеш аз издивоҷро ниҳоӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба қонуни сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Кодекси оиларо имзо кард, ки гузоштани “номҳои бегона” ба фарзандон ва никоҳи хешутабориро манъ мекунад. Ин тағйиру иловаҳо қаблан аз сӯи вакилони Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуда, дертар аз тарафи аъзои Маҷлиси Миллӣ ҷонибдорӣ ёфтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон 15 март гуфт, ин тағйиру иловаҳо, ки бо имзои раисиҷумҳур ниҳоӣ шуда, баъд аз нашраш дар матбуоти давлатӣ мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт, "тарзи дурусти сабт ва навишти насаб, ном ва номи падарро дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, манъи никоҳи байни хешовандони наздик ва тартиби аз муоинаи ҳатмии тиббии ройгон гузаштани шахсони никоҳшавандаро муайян мекунад."

Ба қавли манбаъ, инчунин, мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ба кӯдакон гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, “аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамояд, манъ карда шудааст”. Аммо манбаъ мегӯяд, дар баробари ин ба ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон иҷоза дода шудааст, ки тибқи анъанаҳои миллиашон ба фарзандони худ номгузорӣ кунанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – рӯзи 13 январи соли ҷорӣ бо ислоҳи қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" гузоштани номҳои "бегона" ва изофа кардани тахаллусҳое монанди "мулло", "тӯра", "шайх", "сӯфӣ" ва "халифа"-ро ба номи сокинон манъ карданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҳузури вакилони парлумон гуфт, ки чунин тахаллусҳо бештар боис ба тафриқаандозӣ дар ҷомеаи кишвар мешаванд.

Пештар аз ин, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон эълон кард, феҳристи 4 ҳазор номи миллиро таҳия ва барои чоп пешниҳод кардааст, ки кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва волидон метавонанд аз он барои фарзандон ном интихоб кунанд.

Дар идомаи ҳамин ҷаласаи парлумон гуфта шуд, ки аз моҳи июли соли равон агар тарафҳо қабл аз никоҳ аз ташхиси тиббии пешакӣ нагузаранд, бастани ақди никоҳ барояшон иҷозат дода намешавад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло тибқи омори расмӣ 25 ҳазору 328 нафар кӯдакони маъюби то 18-сола дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва 30-35 дарсади онҳо дар пайи никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд.

Пешниҳоди манъи никоҳҳои хешу таборӣ нахуст аз аз сӯи собиқ вакили парлумон Саодат Амиршоева садо дода буд. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш нишон надоданд. Аммо баъд аз он ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштааш ба парлумон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чаҳорбоғ қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ки мақомот аз ин тариқ интихоби сокинонро барои издивоҷ ва инчунин гузоштани номҳои табъи дилашон маҳдуд мекунанд.

Дар баробари ин, раисиҷумҳур имрӯз қонун дар бораи “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)”, “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” ва Кодекси ҷиноиро имзо гузоштааст. Бар асоси ин тағйирот, вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора) ва 321-и (иғвои порадиҳӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пешбинишуда, ҷазоро дар намуди ҷарима низ муқаррар кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG