Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тотористон 5 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кард


Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои ҷумҳурии Тотористони Русия рӯзи 15 март 22 шаҳрванди Узбакистон ва 5 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламрави Русия ихроҷ кард. Инҳо муҳоҷиронеанд, ки додгоҳҳои маҳаллӣ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош ҳукми ихроҷашонро содир кардааст. Бахши тотористонии ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, ҳамаи 27 муҳоҷири ихроҷшуда барои 5 соли оянда аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шудаанд.

Дар тӯли соли 2015 аз қаламрави Тотористон 1058 муҳоҷири ғайриқонунӣ ва танҳо дар ду моҳи январу феврали соли равон 78 муҳоҷири дигар ихроҷ шудаанд. Аксари онҳо аз Узбакистону Тоҷикистон ва ҳам аз Украина будаанд.

Ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январ шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 331 391 нафар мерасид.

XS
SM
MD
LG