Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар Кумитаи андоз, додситонӣ ва ВКД


Рӯзи 15 март бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини нави раиси Кумитаи андоз таъин шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардори раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Додситонии кулл ва ноиби якуми додситони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ таъин гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, инчунин, додситонҳои Роштқалъа, Бохтар, Конибодому Зафаробод ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иваз шудаанд. “Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури Душанбе, Қӯрғонтеппа, Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстони Суғд ва ноҳияи Дарвози Бадахшон кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд,” – афзудааст манбаъ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба кору хидмати софдилона даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG