Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон 14 нафар боздошт шуданд


14 нафар шахсони гумонбар ба узвияти гурӯҳи мамнуи исломӣ дар Доғистон боздошт шуданд. 15 март мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ононе, ки боздошт шудаанд, аъзои гурӯҳи Нурҷулар мебошанд.

Эҳтимол меравад, ки Зиёвуддин Дапаев-яке аз боздоштшудагон раҳбари бахши ин гурӯҳи мамнуъ дар Русия бошад. Аз соли 2013 то ҳол аъзои гурӯҳи Нурҷулар дар саросари Русия, аз ҷумла дар Маскаву Санкт-Петербург боздошт мешаванд.

Нурҷуларро дар Туркия Саид Нурсӣ-рӯҳонии турк ташкил карда буд. Вай соли 1960 даргузашта буд. Фаъолияти ин созмон дар Русия соли 2008 мамнуъ эълон шудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ин созмон ташкили давлати исломиро ташвиқ мекунад, ки бояд ҳамаи кишварҳои туркзабонро дар бар бигирад.

XS
SM
MD
LG