Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ӯзбекистон маъмурони амнияти миллӣ, милитсия, имомҳо ва фаъолони маҳаллаҳо хешовандони маҳкумшудаи исломгаро ё нафарони ҷустуҷӯшавандаро хандахариш ва таҳқири умумӣ мекунанд.

Гурӯҳи фаъолон бо раҳбарии маъмури Хадамоти амнияти миллии (ХАМ) Ӯзбекистон дар тамоми кишвар иқдомҳои зидди гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”-ро) анҷом медиҳад. Нозирони минтақавӣ ба ин мулоқотҳо хешовандони тибқи моддаи исломгароӣ маҳкумшуда, боздоштшуда ва ё мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаро меоранд.

Дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Намангон, Фарғона ва шаҳри Тошканд ташкилкунандагони ин мулоқотҳо ба навбат ҳар як волидайни ба ин ҳамоиш омадаро мавриди шармандагии умумӣ қарор додаанд.

Чунин мулоқотҳо бо раҳбарии Хадамоти амнияти миллӣ дар расонаҳои маҳаллӣ бозтоб дода мешаванд. Шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо бо нашри матлабҳо волидайни шаҳрвандони барои исломгароӣ маҳкумшуда, боздошт ва ё мавриди ҷусутуҷӯ қарор доштаро таҳқир менамоянд.

Ёдовар мешавем, иқдомҳои таблиғотии зидди “ДИ” дар Ӯзбекистон тобистони соли гузашта шурӯъ шуд. Ба ҷуз аз маъракаҳои ХАМ, фаъолони маҳалла хона ба хона гашта, сокинонро дар бораи рафтори хушунатомези ҷангиёни “ДИ”, дар бораи бедодгариҳои онҳо ҳушдор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG