Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли ивази милитсия ба пулис дар Қирғизистон


Қонун “Дар бораи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон” эҳтимолан ислоҳ мешавад. Дар ин бора дар ҷаласаи вакилони зан раиси кумитаи тартибот ва мубориза бо ҷинояткории Жогорку Кенеш Ҷанибек Бақчиев хабар дод.

Намояндаи порлумон шарҳ дод, ки агар ВКД тарҳи ислоҳотро пешниҳод накунад, он гоҳ вакилон худ машғули таҳияи тарҳи қонун мешаванд. Дар ҷараёни баррасӣ ҳамчунин эҳтимоли таҳияи тарҳи қонуни нав дар бораи пулис низ матраҳ шуд. Дар ин баррасӣ дарки умумии ин масъала ҳосил нашуд.

Иттиҳоди шаҳрвандии “Барои ислоҳот ва натиҷа” аз пешниҳоди таҷдиди назари қонуни фаъолияти милитсия дар Қирғизистон ҳимоят мекунад. Ин тасмим метавонад қадаме ба самти ислоҳи ниҳоди интизомии кишвар шавад.

Ҳамзамон фаъолон зикр мекунанд, ки дар ислоҳи ин қонун нақши асосиро бояд вакилони порлумонӣ дошта бошанд.

Қонуни феълӣ “Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ” ҳанӯз соли 1994 қабул шуда буд. Вай куҳна шуда, ба ислоҳот ниёз дорад. Иттиҳоди шаҳрвандии “Барои ислоҳот ва натиҷа” омода аст аз ин кор ҳимоят карда, пешниҳодҳои худро ирсол кунад.

XS
SM
MD
LG