Пайвандҳои дастрасӣ

Мақдуния садҳо муҳоҷиреро, ки марзи он кишвар бо Юнонро ғайриқонунӣ убур карданд, боздошт кард. Наздики 1000 нафар лагери лабрези муҳоҷиронро дар Юнон тарк ва дарёи наздимарзиро убур карданд. Сад нафари онҳо тавонистанд симхорҳоро бигзаранд, аммо аз сӯи сарбозон дастгир шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Мақдуния мегӯяд, бештар аз 700 муҳоҷир аз марзи Юнон убур кардааст. Вазорат хабар медиҳад, пулис ва сарбозон талош доранд, то ин муҳоҷиронро дубора ба Юнон баргардонанд. Хабаргузории AFP менависад, тақрибан 20 рӯзноманигоре, ки муҳоҷиронро ҳамроҳӣ мекарданд, ба шуъбаи пулис бурда шуданд.

Дар лагери муҳоҷирон дар наздикии деҳаи Идомен дар Юнон наздики 14 ҳазор муҳоҷир ҷойгир шудааст. Ҳафтаи гузашта Мақдуния гуфт, муҳоҷирону гурезагонро дигар иҷозаи убур намедиҳад ва биноан "масири Балкан"-ро мебандад.

XS
SM
MD
LG