Пайвандҳои дастрасӣ

Зинаи болоии додгоҳи вилояти Қарағанда қарор кард ҳукми зиндони сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов аз даҳ то ба ҳашт сол кам карда шавад.

Додгоҳ ҳамчунин ҳукмҳои бархе аз мақомоти шаҳр ва вилояти Қарғандаро, ки якҷо бо Ахметов дар парвандаи пурсарусадои фасодкорӣ маҳкум шуда буданд, тағйир дод.

Ҳукми зиндони раиси пешини вилояти Қарағанда Бауржан Абдишев аз панҷ то се сол кам шуд. Ҳокими пешини шаҳри Қарағанда Мейрам Смагулов, ки ба се соли маҳбас ва мусодираи молу мулк маҳкум шуда буд, акнун мӯҳлати ҳабсаш то ба ду сол кам карда шуд. Ҳукми се соли зиндони муовини собиқи ҳокими вилояти Қарағанда Габит Мухамбетов ва раиси собиқи раёсати ширкати “КазАгро” Дулат Айтжанов ба ҳукми шартӣ иваз шуд.

Муҳокимаи додгоҳии парвандаи Серик Ахметов дар моҳи декабри соли 2015 анҷом ёфт. Аз 21 нафари тибқи ин парванда маҳкумшуда, 12 нафар ба зинаи болоии додгоҳ муроҷиат карданд. Серик Ахметов дар аризаи худ ба додгоҳ навиштааст, ки “пушаймонии ман” ва ҷуброни зарари молиявӣ ба маблағи умумии ду миллиарду 255 миллион танга аз тарафи “хешовандон ва дӯстони оиларо” ба инобат бигиред.

XS
SM
MD
LG