Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифон истеъфои президентро талаб карданд


Тазоҳуроти мухолифони Қирғизистон дар шаҳри Ҷалолободи он кишвар бо талаби истеъфои президент ба поён расид. Дар ин бора хадамоти матбуотии вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои ВКД, дар ин тазоҳурот ҳудуди 100 эътирозгар ҷамъ омадааст, боқӣ роҳгузарон будаанд, ки ба тамошои эътироз омадаанд.

Пулис ҳамчунин иттилои мухолифонро, ки гуфтанд, бештар аз 500 нафарро ҷамъ оварда буданд, рад кард.

Раиси ҳизби "Эгемен Қирғизистон" Бектур Асанов дар тазоҳурот суханронӣ ва истеъфои фаврии президентро талаб кард. Вай гуфт, тазоҳуроти навбатӣ 24 март дар шаҳри Ӯш барпо хоҳад шуд.

Пеш аз баргузории тазоҳуроти Ҷалолобод мухолифон гуфтанд, то 2 ҳазор норозиро ҷамъ хоҳанд овард. Ҷамъомадагон ба иловаи истеъфои президент, аз ҳукумат кам кардани пардохтҳои иҷтимоӣ, арзиши барқ, бекор кардани суғуртаи ҳатмии манзил ва сода кардани сабти асноди дарёфти кумакпулӣ барои кӯдаконро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG