Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 соли зиндон барои таҷовузи ноболиғон


Як марди сокини Лос Анҷелес, ки шаҳрвандии Амрико ва Русияро дорад, 14 март ба 150 соли зиндон маҳкум шуд. Вай дар Русия ба номуси духтарони хонандаи мактаб таҷовуз кардааст.

Дар ҷараёни сафараш ба Русия ҳангоми таҷовуз ба номуси духтари 12 сола Юсуф Юнусович Абрамов таҳдид кардааст, ки агар ба ягон кас дар бораи ин таҷовуз гап занад, сарашро аз танаш ҷудо мекунад.

Отис Райт-қозии додгоҳи Амрико Абрамови 58 соларо ба “дарранадаи воқеӣ” шабоҳат дод ва ба мӯҳлати тӯлонии ғайримаъмулии зиндон маҳкум кард.

Моҳи ноябр қозии додгоҳ Абрамовро барои таҷовуз ба номуси 3 духтар гунаҳгор донист. Вай дар ҷараёни сафарҳои дусолаи худ ба Русия 6 ҷинояти сангин анҷом додааст.

Моҳи июни соли 2009 ба як духтар таҳдид кардааст, ки сарашро мегирад ва бо он футбол бозӣ мекунад, агар вай дар бораи таҷовуз ба касе гап занад. Дар ин бора дар мурофиаи додгоҳ шаҳодат дода шудааст.

Баъд аз чанд моҳи дигар бори дигар ба Русия сафар кардааст ва боз ҳам даст ба таҷовузи духтарони наврас задааст

XS
SM
MD
LG