Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Русия аз Сурия хориҷ мешаванд


Русия ба берун овардани таҷҳизоти низомии худ аз Сурия омодагӣ мегирад. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба нируҳои мусаллаҳи ин кишвар машварат додааст, ки аз ин кишвари ҷангзада хориҷ шаванд.

Вазорати дифои Русия дар изҳороти 15 марти худ гуфтааст: “Кормандони фаннӣ дар пойгоҳи ҳавоӣ ҳавопаймоҳои низомиро барои парвозҳои тӯлонӣ ба пойгоҳҳои ҳавоии қаламрави Русия омода мекунанд”. Дар изҳорот омадааст, ки низомиён таҷҳизоту маводро ба ҳавопаймоҳо бор мекунанд.

14 март Путин гуфт, ки нируҳои низомӣ ҳамаҷониба вазифаи худро дар Сурия иҷро кардаанд ва хуруҷи нируҳои Русия омили ҳали сиёсии муоқишаи Сурия хоҳад шуд.

Русия дар Сурия бештар аз 50 ҳавопаймои низомиву чархбол ва як гурӯҳи маҳдуди нируҳои заминӣ дорад, ки ин техникаи низомиро нигаҳбонӣ мекунанд. Гузашта аз ин, як гурӯҳи мушовирони низомӣ ва нируҳои вижа дорад, ки бо низомиёни Сурия ҳамкорӣ мекунанд.

Раҳбари Русия гуфт, ки нируҳои Русия дар пойгоҳҳои обии Баҳри Миёназамин дар Тартус ва дар Ҳмеймим дар вилояти Лазақия боқӣ хоҳанд монд. Ҳамлаҳои ҳавоии Русия асосан аз ҳамин пойгоҳи Лазақия сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG