Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти раҳбарони хабаргузориҳои ИДМ дар Душанбе


Субҳи 15 март дар Душанбе нишасти Шӯрои раҳбарони оҷонсиҳои хабарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз кард. Ин барои бори дувум аст, ки дар Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони оҷонсиҳои хабарӣ баргузор мешавад. Дар кори ин ҳамоиш роҳбарони хабаргузориҳои Русия, Белорус, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доранд.

Қарор аст, дар нишасти Шӯрои раҳбарони хабаргузориҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ, масоили густариши ҳамкориҳои миёни хабаргузориҳо дар заминаи табодули иттилоот ва таҷриба ва ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои доғи ҷаҳони муосир, аз ҷумла ҳамкории расонаҳои иттилоотӣ дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ баҳсу баррасӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 14 март Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мудири кулли хабаргузории ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар нишасти Шӯрои раҳбарони оҷонсиҳои иттилоотии ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон дар бораи нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори назар карда, гуфтааст, ки расонаҳо дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд.

Ин манбаъ афзуд, “вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд,, ҳамкории самарабахши ВАО-и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст.”

Нишасти раҳбарони оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Душанбе муддати ду рӯз идома карда, дар поёни он тасмимоте дар заминаи фаъолияти оҷонсиҳо ва ҳамкориҳои муштарак гирифта хоҳад шуд.

Шӯрои роҳбарони оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 ноябри соли 1995 тибқи Созишномаи кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шуда, инъикоси равандҳои ҳамгиройӣ дар Иттиҳод барои аҳолии кишварҳо аз вазифаҳои муҳими он ба шумор меравад. Дар доираи фаъолият ба масъалаҳои азхудкунии медиатехнологияҳои нав ва ҳамкорӣ дар шароити ба таври густурда ҷоришавии он таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

XS
SM
MD
LG