Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, корманди 35-солаи комиссариати ҳарбии ноҳяии Ҷаббор Расулов, ки феълан аз ӯ ном бурда намешавад, рӯзи 13 март ба гумони талаби “пора” дастгир шудааст.

Ба иттилои ВКД, гумонбар барои надодани даъватнома дар доираи даъват ва минбаъд аз даъват ба хидмати ҳарбӣ озод кардани сокини 22-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз модари ӯ 3 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. “Ҳоло ин ҷавон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Ин корманди комиссариати ҳарбӣ талабашро тавассути посбони комиссариат, марди 35-солаи сокини ноҳия, дар миён гузоштааст,” – омадааст дар хабари расмии ВКД.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG