Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти вазорати дифоъ мегӯянд, дар размоиши муштараки Тоҷикистону Русия асосан ҷанги рамзӣ бо гурӯҳҳое сурат хоҳад гирифт, ки қасди аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.

Субҳи 15 март дар панҷ размоишгоҳи вилояти Хатлон тамрини якҷояи нерӯҳои Тоҷикистону Русия оғоз ёфтааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин тамринҳо дар размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон”, “Сунбула”, “Мумирак”,“Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ сурат мегиранд.

Маҳмадалиев гуфт, ки нерӯҳои муштараки чатрбоз ё десантиҳо дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон аз чархболҳо фуруд омада ва бо душмани рамзӣ - гурӯҳи террористӣ, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон қасди ворид шуданро доранд, вориди ҷанг шудаанд.

Ба қавли ӯ, "ин размоиши муштараки низомӣ, ки дар он 50 ҳазор нафар аз нерӯи захиравӣ бо шумули 2 ҳазор сарбози Русия, 250 зиреҳпӯшу танк, 20 ҳавопаймои ҷангию бомбаандозу боркаш, 12 чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ширкат мекунанд, дар масофаи 1000 километр дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сурат хоҳад гирифт."

Барои аввалин бор, дар ин размоиши муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон ҳавопаймои бомбаандози стратегии ТУ-95 истифода хоҳад шуд.

Дар назар аст, ин размоиши низомӣ то 20 марти соли ҷорӣ идома ёфта ва сипас, мақомоти ниҳодҳои низомии Тоҷикистону Русия натиҷаҳои онро баррасӣ кунанд. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии ин машқҳо, мубориза алайҳи терроризм ва андешидани чораҳои амалӣ барои муқобила дар ҳолатҳои зарурӣ алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва террорист маҳсуб мешавад.

Ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ аст, ки на танҳо сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва низомиёни пойгоҳи 201-и Русия, балки аз нерӯи захиравии Горди Миллӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ истифода мешаванд.

Соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд. Бузургтарини ин гуна размоиш моҳи марти соли гузашта дар ҷануби Тоҷикистон, минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон бо ширкати беш аз 30 ҳазор баргузор шуда буд.

Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин размоиш аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт ва дигар техникаи ҷангӣ истифода шуда буд. Дар доираи размоиши“Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душмани эҳтимолӣ санҷида шуд.

Ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз буда ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати Исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад. Ба ин далел баргузории размоиши фарогир дар размоишгоҳҳои ҷануби Тоҷикистон бесабаб нест ва як бори дигар ҳолати омодабошии нируҳои низомӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ ба манзури муқобала бо хатарҳои эҳтимолӣ санҷида хоҳад шуд. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG