Пайвандҳои дастрасӣ

4 шаҳрванди Чинро аз Тоҷикистон берун карданд


Коргарони Чин дар сохтмони яке аз роҳҳои Тоҷикистон.

Коргарони Чин дар сохтмони яке аз роҳҳои Тоҷикистон.

Дар ҷараёни амалиёти “Хориҷиён”, ки мақомоти вазорати корҳои дохила ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом доданд, 4 шаҳрванди Чинро дастгир ва бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ дастгир кардаанд. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират, ин 4 шаҳрванди Чин бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин бар асоси моддаи 499-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кадом 2400 сомонӣ, муодили тақрибан 300 доллар ҷарима ҳам баста шуданд.

Садҳо шаҳрванди Чин дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо асосан дар сохтмони роҳҳову корхонаҳое, ки аз сӯи ширкатҳои давлатии Чин сохта мешаванд, машғули коранд ва қисме ҳам дар бозорҳо тиҷорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG