Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селу обхезӣ даҳҳо нафарро дар Покистон кушт


Боришоти зиёд дар саросари Покистон дар чанд рӯзи гузашта сабаби марги даҳҳо нафар шуд. Мақомоти Покистон гуфтанд, дар 5 рӯзи гузашта дар селу обхезиҳо 42 нафар кушта шуданд ва 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Покистон рӯзи 14-уми март гуфт, 75 хона дар офати табиӣ осеб дидааст. Бештар аз ҳама вилоятҳои Балуҷистон ва Хайбар Пахтунхоҳ зарар дидаанд ва аксаран онҳое қурбон шудаанд, ки даир рустоҳо зери хонаҳои гилин мондаанд. Рӯзи 13-уми март бориши зиёд сабаби фурӯ рафтани кони ангишт шуд ва дар ин ҳодиса дасти кам 9 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG