Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳи Сурия дар Женева оғоз меёбад


Интизор меравад имрӯз дар шаҳри Женева, бо миёнҷигарии Созмони Милал музокироти сулҳ байни намояндагони ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва ҷиноҳҳои мухолифи он шурӯъ шавад. Ҳадафи гуфтӯгуҳо тақвият додани созиши оташбаси шикананда миёни нерӯҳои давлатӣ ва размандагони мухолифон аст. Ба ин музокирот созмони Ал-Қоида ва гурӯҳи Давлати исломӣ шомил нестанд. Штефан де Мистура, фиристодаи сулҳи Созмони Милал гуфт, музокирот дар Женева бештар аз 10 рӯз давом намекунад. Русия аз фиристодаи Созмони Милал хостааст, ки курдҳои Сурияро ҳам ба музокироти сулҳ шомил кунад. Кумитаи олии музокирот, як гурӯҳи мухолифи давлати Сурия, ки аз тарафи Арабистони Саудӣ ҳимоят мешавад, гуфтааст, дар музокирот талаб хоҳад кард, дар Сурия як ҳукумати муваққатии дорои тамоми салоҳиятҳои иҷроия таъсис дода шавад, ки дар он Башшор Асад ва атрофиёни наздикаш ҳузур надошта бошанд. Аммо Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, гуфтааст, талаби истеъфои Башшор Асад, гузаштан аз хати сурх аст ва метавонад, сабаби қатъи музокироти сулҳ дар Женева шавад.

XS
SM
MD
LG