Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар шимоли Ироқ зарбаҳои ҳавоӣ зад


Баъди бомбгузории хунин дар шаҳри Анкара, Туркия ба мавзеъҳои ҷудоиталабони курд дар шимоли Ироқ зарбаҳои ҳавоӣ зад. Артиши Туркия рӯзи 14-уми март бо нашри як баёния гуфт, ҳавопаймоҳо анборҳои аслиҳа ва паноҳгоҳҳои Ҳизби Коргарии Курдистонро дар минтақаҳои Қандил ва Гора ҳадаф гирифтаанд. Ҳамлаҳо чанд соат баъд аз он сурат гирифт, ки дар натиҷаи як бомбгузорӣ дар шаҳри Анкара дар шоми 13-уми март 37 нафар кушта шуданд ва 120 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Таркиш дар наздикии майдони Қизилой дар як маҳалли тиҷоратӣ ва парки автобусҳо рух дод. Ба гуфтаи телевизиони NTV Туркия як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар назди истгоҳи автобусе тарконидааст. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, кишвараш ба сабаби нооромиҳо дар минтақа ҳадафи созмонҳои террористӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG