Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ҳамкориҳои Аврупо бо Русия ва Эрон


Қарор аст, вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ҳангоми мулоқот дар шаҳри Брюссел таҳримоти эҳтимолӣ бар зидди Эрон ва ҳамкориҳо бо Русияро баррасӣ кунанд. Нишасти вазирони тамоми кишварҳои узви иттиҳодия дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамкориҳо бо Эрон бар асоси созиши атомии соли 2015-ро бознигарӣ мекунад. Жанк Марк Эро, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи 13-уми март гуфт, дар вокуниш ба озмоиши мушакҳои баллистикӣ дар Эрон мумкин аст, Иттиҳодияи Аврупо дар сурати зарурат ба зидди Эрон таҳрим эъмол кунад. Вазири фаронсавӣ дар бора баъди мулоқот бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоиаш ва Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Порис сухан гуфт. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аввали моҳи март чандин мушаки баллистикиро озмоиш кард. Ба гуфтаи мутахассисон агар ин мушакҳо қодир ба бурди кулоҳаки атомӣ бошанд, Эрон қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро нақз кардааст, ки озмоиши ин гуна мушакҳо дар Эронро иҷоза намедиҳад. Дар нишасти Брюссел ҳамчунин ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Русия баррасӣ мешавад, ки бинобар муноқиша дар Сурияву Украина бад шудааст.

XS
SM
MD
LG