Пайвандҳои дастрасӣ

Далер Табаров, писари дигари яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов аз ҷониби кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шудааст.

Далер Табаров, писари Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шудааст.

Исҳоқ Табаров рӯзи душанбеи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзанди дуввумаш Далер бо ҷурми “Хабар надодан дар бораи ҷиноят” боздошт шуда ва дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт алайҳи ӯ бо моддаи 347-и Кодекси ҷинойӣ, яъне, “Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ў” айб эълон кардааст.

Бар асоси ин модда барои фарди муҷрим аз 500 то 1000 нишондиҳанда (аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё ба муддати ду сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Вай гуфт, ҳоло писараш Далер Табаров баъди эълони айбнома ба Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и рақами аввали Душанбе интиқол дода шудааст.

Исҳоқ Табаров мегӯяд, “мақомоти интизомӣ иддао доранд, ки фарзандаш дар як маърака аз хабари ҷиноӣ огоҳ шуда, вале ба мақомот хабар надодааст".

Ӯ мегӯяд, ин боз як фишори навбатӣ ба фаъолияти вакилии ӯ буда, фарзанди ӯ ба ин амал даст назадааст.

Вай меафзояд, парвандаи Далер Табаровро додгоҳи ноҳияи Ваҳдат муҳокима хоҳад кард.

Ин дар ҳолест Фирӯз Табарови 27-сола, писари калонии адвокати маъруфи тоҷик Исҳоқ Табаров аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба сендаҳуним сол ба зиндон маҳкум шуд.

Исҳоқ Табаров рӯзи 15 феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати писараш Фирӯз дар рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ "бераҳмона" аст.

Писари Исҳоқ Табаров барои ташкил ва ширкат дар созмони экстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия гунаҳкор дониста мешавад. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, ки аз ҳаққи писари маҳкумшудааш дар додгоҳ ҳимоя мекунад, "Фирӯз Табаров, шоми 3 июли соли 2015 дар масҷиди марказии шаҳри Ваҳдат ба таври ғайриқонунӣ дастгир шуда, дар пайи шиканҷаву зӯроварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин гуноҳро ба дӯш гирифтааст."

Дар парвандаи писари Исҳоқ Табаров 3 ҷавони дигар -- Ашӯр Арипов, Раҳимзода Далери Ҷалолиддин ва Сайвалӣ Назаров ҳам ҳамроҳ ҳастанд, ки аз 13 то 14 сол маҳкум шудаанд. Онҳо дар тарғибу ташвиқи ақидаҳои равияи дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия муттаҳам дониста мешаванд. Исҳоқ Табаров афзуд, писари ӯ Фирӯзро ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористӣ ва мусоидат дар ҷалбу фиристодани ҷавонон ба ҷанги Сурия, айбдор медонанд.

Исҳоқ Табаров аз баҳори соли 2013 ба ин сӯ аз ҳаққи Зайд Саидов ва наздиконаш дар додгоҳ ҳимоят мекунад. Дар оғоз ӯро дар ин кор Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров низ ҳамроҳӣ доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама фишору таъқибе, ки ба ӯ ва наздиконаш сурат мегирад, ангезаи сиёсӣ дошта, ба фаъолияти касбиаш рабт дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG