Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари инфиҷоре дар шаҳри Анқара, пойтахти Туркия 34 нафар кушта шуда ва 125 нафар бо захмҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Эфкан Ала, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, теъдоди осебдидагон дар инфиҷоре, ки шоми якшанбеи 13 март дар як автомобил дар шаҳри Анқара рух дод, "зиёд" будааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ала вазъи саломатии 19 захмӣ хеле бад буда ва аз ин лиҳоз мумкин аст, теъдоди қурбони ин амали террористӣ бештар шавад.

Тибқи иттилои муқаддамотӣ, фарди худкуше автомобили бо маводи мунфаҷираро, ки дар байни ду автобуси пуродам қарор дошт, таркондааст.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки рӯзи душанбеи 14 март номҳои созмондиҳандагон ва иҷрогарони ин амали террористӣ эълон хоҳад шуд.

Аҳмад Давлатоглу, нахуствазири Туркия билофосила пас аз вуқӯъи инфиҷор ҷаласаи истирории шӯрои вазиронро баргузор карда ва ин ҳодисаро "амали террористӣ" хондааст.

Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид инфиҷор дар шаҳри Анқараро маҳкум кардааст. Дар баёнияе, ки дар торнамои СММ мунташир шудааст, аз ҷумла, таъкид гардидааст: "Дабири кулл ба хонаводаи қурбониён ва осебдидагони ин ҳодиса ҳамдардии амниқ баён мекунад. Дар ин соатҳои барои Туркия хеле сангин Созмони Милал аз Туркия пуштибонӣ карда ва бо мардуму ҳукумати ин кишвар ҳамрайъ аст".

Зимнан, дар моҳи гузашта низ дар шаҳри Анқара инфиҷоре рух дода буд, ки бар асари он 30 нафар кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG