Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо вазирони Аврупо мулоқот кард


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Порис 13 март бо вазирони хориҷаи Фаронсаву Британия, Италияву Олмон ва бо Федерика Могеринӣ-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мулоқот кард.

Дар ин мулоқот музокироти ғайримустақими миёни намояндагони ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ва намояндагони нируҳои мухолифи давлати ин кишвар баррасӣ гардид, ки бояд 14 март бо миёнҷигарии СММ дар Женева оғоз шавад.

Ҳадафи ин музокирот риояти оташбас миёни нируҳои ҳукуматӣ ва шӯришиёни мухолифон аст. Ҷон Керрӣ зимни суханони худ дар Женева гуфт, ки Башор Асад ва ҳампаймонҳояш аз отшабас суистифода мекунанд.

Керрӣ ҳамчунин гуфт, ки шӯришиёни Давлати Исломӣ дар Сурия заиф шудаанд. “Дар Сурия танҳо дар давоми се ҳафтаи охир ДОИШ 3000 километри мураббаъ ва 600 нафари худро аз даст додааст”.

Дар музокироти Сурия дар Женева шӯришиёни Ал Қоида ва тундравҳои Давлати Исломӣ ширкат намекунанд. Стефан де Мистура- фиристодаи СММ барои сулҳи Сурия гуфт, ки музокироти сулҳи Сурия дар Женева бештар аз 10 рӯз давом нахоҳад кард.

Русия аз Мистура даъват кардааст, ки ба музокироти сулҳ намояндагони курдҳои Сурия низ даъват шаванд.

XS
SM
MD
LG