Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба созиши нафтии Саудӣ ва Русия ҳамроҳ намешавад


Вазири нафти Эрон гуфтааст, ки мизони тавлиди нафти кишвараш вақте, ки ба 4 миллион бушка дар рӯз бирасад, онгоҳ Эрон ҳозир ба музокира дар мавриди поин бурдани истихроҷи нафт хоҳад буд.

Эрон мегӯяд, ки ҳеҷ нақшае барои қатъ ё поин бурдани истихроҷи нафт надорад. Моҳи гузашта Русия ва Арабистони Саъудӣ ба тавофуқ расиданд, ки ба сабаби поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, истихроҷи нафтро камтар мекунанд. Бежан Номдор Зангане, вазири нафти Эрон рӯзи 13 мартба шабакаи телевизионии Press TV-и кишвараш гуфт, ки кишварҳои дигари тавлидкунандаи нафт бояд “моро ба ҳоламон гузоранд.”

Эрон то ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб барои барномаҳои ҳастаиаш рӯзе 4 миллион бушка нафт истихроҷ мекард. Акнун бо назардошти ин нукта, вазири нафт мегӯяд, кишвараш танҳо дар сурате масъалаи қатъи истихроҷи нафтро баррасӣ хоҳад кард, ки агар истихроҷи он рӯзе ба 4 миллион бушкаи солҳои қабл аз таҳримҳои Ғарб баробар шавад.

Пештар оқои Зангане гуфта буд, ки мутаваққиф сохтани истихроҷи нафт як навъ “шӯхӣ” ба назар мерасад ва Эрон мехоҳад бозори аз даст рафтаи худро дубора ба даст орад. Бино ба маълумоти кишварҳои тавлидкунандаи нафт ё ОПЕК, ҳоло истихроҷи нафт дар як рӯз дар Эрон аз 2,8 то 3,5 миллион бушка расидааст.

Венесуэла ва Қатар кишварҳои тавлидкунадаи нафт ва узви ОПЕК низ ба тавофуқоти Русияву Арабистони Саъудӣ ҳамроҳ шудаанд ва мехоҳанд, ки нархи нафтро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба танзим дароранд. Дар муқоиса бо миёнаҳои соли 2014, нархи нафт ҳоло то 70 дарсад дар ҷаҳон поин рафтааст.

Қарор аст 14 март Александр Новак, вазири энержии Русия барои боздиди корӣ ба Эрон равад. Бо вуҷуди он, ки дар барномаи сафари кории вай масъалаҳои дигари ҳамкорӣ низ ҳастанд, вале вай бо Бежан Номдор Зангане, вазири нафти Эрон мулоқот ва ин масъаларо низ баррасӣ мекунад. Дар ин бора оқои Зангане дар мусоҳибаи телевизионии худ низ ёдовар шудааст, ки бо Александр Новак дар Теҳрон “сиёсатҳои нафтӣ”-ро баррасӣ хоҳад кард.

Сипас рӯзи 16 март дар Доҳа-пойтахти Қатар вазирони нафти Арабистони Саъудӣ, Қатар, Венесуэла, ОПЕК ва Александр Новак мулоқот мекунанд, то ба гуфтаи худашон, вазъро дар мавриди нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ беҳтар кунанд. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки мизони истихроҷи нафтро дар давоми соли 2016 ба андозаи моҳи январи ҳамин сол нигоҳ доранд, ба шарти ин, ки кишварҳои дигари тавлидкунандаи нафт ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд.

Ҳафтаи гузашта Александр Новак гуфт, ки барои ба танзим даровардани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз ташаббуси коҳиши истихроҷи нафт 15 кишвар ҷонибдорӣ кардаанд. Ин кишварҳо 73 дарсади нафти ҷаҳонро тавлид мекунанд. Ба гуфтаи вай, бидуни дарназардошти Эрон низ ин тасмим метавонад натиҷа диҳад.

Кишварҳои узви ОПЕК ва соири кишварҳои тавлидкунандаи нафт шояд бо назардошти маҳрумиятҳои Эрон дар солҳои таҳрим ба ин кишвар барномаи вижаеро пешниҳод кунанд, то истихроҷ ва содироти нафти худро дубора барқарор намояд. Дар ҳоле ки баррасии масъалаи коҳиши истихроҷи нафт идома дорад ва ҳанӯз ба таври расмӣ қабул нашудааст, ОПЕК мегӯяд, ки барои танзими нарх бояд нархи як бушка ба 50 доллар баробар шавад. Вале чунин кор то соли 2017 имконпазир нест.

Зангане дар сӯҳбати телевизионии худ гуфт, ки кишвараш аз ширкатҳои амрикоӣ истиқбол мекунад ва онҳо метавонанд дар бахшҳои нафту гази Эрон сармоягузорӣ кунанд. Зангане гуфт, “дар маҷмӯъ мо бо ҳузури ширкатҳои амрикоӣ дар Эрон мушкил надорем”. Вай таъйид кард, ки ширкати давлатии нафти Эрон бо “General Electric”-и Амрико дар бораи ҳамкориҳо музокира анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG