Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 13 март, «Истиқлол»-и Тоҷикистон барои бозӣ бо «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ озими Теҳрон шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, имрӯз, 13 март, барои бозии даври севуми Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи “В” бо тими «Нафит Ал-Васат» –и Ироқ ба Теҳрон сафар намуд.

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, ба ҳайати даста ба бозӣ муқобили қаҳрамони Ироқ 17 бозигарро дохил кардааст. Дар байни онҳо ҳимоятгар Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев, ки бо сабабҳои гуногун дар бозӣ муқобили «Триполи»-и Лубнон (1:2) ширкат надоштанд, ҳастанд. Вале ҳимоятгар Сиёвуш Асроров ба иллати латхӯрӣ ба Теҳрон нарафтааст.

Бозӣ байни дастаҳои «Нафит Ал-Васат» ва «Истиқлол» 15 март дар Теҳрон, дар варзишгоҳи «Пас», соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили «Нафит Ал-Васат»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев;

Ҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Давронҷон Эргашев;

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Акмал Холматов, Нозим Бобоҷонов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев;

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.

Бозии даври севуми Ҷоми AFC-2016-ро дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои «Нафит Ал-Васат» –и Ироқ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон Суҳбир Сингҳ аз Сингапур доварӣ мекунад. Арун Пилаи ва Асит Саркор, ҳарду аз Ҳиндустон, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Сауд Алӣ Ал-Адба аз Қатар вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Авнӣ Абдулкарим Саид Ҳусейн аз Урдун нозири доварон ва Муҳаммадризо Касроӣ Аз Эрон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол» дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро дар майдони худ бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. «Истиқлол» дар даври дувум дар меҳмонӣ аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” дастаи «Ал-Файсалӣ» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Нафит Ал-Васат» ва “Триполи” бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG