Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп ба бохти шадид рӯ ба рӯ шуд


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Доналд Драмп-номзади пешсафи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар даври навбатии райдиҳии ҳизбӣ мағлуб шуд. Дар райдиҳии ҳизбӣ дар Вашингтон Марко Рубио-сенатори Флорида ва дар аёлати Вайоминг Тед Круз-сенатори Техас пирузӣ ба даст оварданд.

Доналд Трамр дар маъракаҳои интихоботии худ муҳоҷирон ва мусулмононро дар ҳамаи мушкилоти Амрико муттаҳам медонад ва мехоҳад аз ин роҳ маъруфият касб кунад. Раҳбарияти Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз вай ҳимоят намекунад.

Барои дар моҳи июл пешбарӣ шудан ба номзадӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бояд ҳар як аз рақибони ҷумҳурихоҳ дар интихоботи аёлатии ҳизбӣ 8 пирузӣ ба даст оранд.

Дар миёни рақибони номзадӣ аз Ҳизби Демократ дар сафи пеш Ҳилларӣ Клинтон қарор дорад. Рақиби аслии вай сенатор Бернӣ Сандерс мебошад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико 8 ноябри соли 2016 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG