Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав дафтари ҳуқуқи башари СММ мебанданд


Дафтари ҳуқуқи башар дар Маскав
Дафтари ҳуқуқи башар дар Маскав

Бино ба гузоришҳо, намояндагии дипломати Русия дар Женева таъйид кардааст, ки дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Маскав баста мешавад. Пештар ҳам як мақоми баландпояи ҳуқуқи башари СММ изҳор дошта буд, ки мумкин аст чунин кор сурат бигирад.

Бино ба гузориши рӯзи 12 марти хабаргузории РИА Навости, намояндагии дипломатии Русия таъйид кардааст, ки дар бораи бастани дафтари Кумисариёи Олии СММ дар умури ҳуқуқи башар (OHCHR) дастур содир шудааст.

Дар ин бора кормандони худи ин дафтар чизе нагуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки фишор ба фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорони мустақил афзоиш ёфтааст ва мунозираҳои иҷтимоӣ маҳдуд мешавад.

РИА Новости аз қавли Алексей Бородавкин-сафири Русия гуфтааст, дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Русия барои ташкили ниҳодҳои ҳуқуқи башар кӯмак кардааст ва агар ин дафтар баста шавад, кори истисноие нахоҳад буд.

10 март Зайд Раъад ал Ҳусейн-Кумисри ҳуқуқи башари СММ изҳори нигаронӣ карда буд, ки роҷеъ ба бастани дафтарашон дар Маскав аз Кохи Кремл ба вай ишораҳое расидааст.

XS
SM
MD
LG