Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки ҷаҳонӣ дар пайи як пурсиш муайян кардааст, ки беш аз 80 дарсади мардум дар Тоҷикистон огоҳии дурусти молиявӣ ва қарзгирӣ надоранд.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро вазъи огоҳии молиявии мардуми Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Дар пайи як пурсиши ин бонк муайян шудааст, ки беш аз 80 дарсади мардум дар Тоҷикистон огоҳии дурусти молиявӣ надоранд ва аз фарҳанги қарзгирӣ огаҳ нестанд.

Надоштани маълумот оид ба шарту шароити баргардонидани қарз, истифодаи бенизоми ин маблағ ва бидуни барномарезӣ гирифтани қарз аз бонк, дар аксар ҳолат боис ба муфлис шудани тоҷирон ва аз даст додани дороиҳои сокинон, мисли хона, мешудааст.

Бонки ҷаҳонӣ ҳоло мехоҳад бо амалӣ сохтани як тарҳ, дараҷаи огоҳии мардумро вобаста ба амалиётҳои қарзиву пулӣ биафзояд ва ҳамакнун чунин омӯзишҳоро шурӯъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG