Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзгорони бархе аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба назорати партовҳо ва риояи тозагӣ дар маҳаллаҳо ҷалб шудаанд.

Атрофи партовгоҳҳои шаҳрро, ки дигар андохтани партов дар он рӯзона манъ аст, дар баробари кормандони манзиливу коммуналӣ, ҳамакнун омӯзгорон ҳам навбатдорӣ ва назора мекунанд. Дар бархе аз ноҳияҳои шаҳр муаллим ва фаррошони мактаб муваззаф шудаанд, партовгоҳи маҳалҳои назди мактабро нигоҳубин кунанд ва нагузоранд, то сокинон ва махсусан кӯдакону наврасон дар он ба таври бенизом ва дар вақту соати номуносиб, партоб андозанд.

Моҳира Сафарова, роҳбари мактаби рақами 42-и пойтахт рӯзи 12-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири риояи тозагӣ, онҳо тибқи ҷадвал, аз ҳисоби омӯзгорону фаррошони мактаб ҳар рӯз бонавбат як нафариро барои назорати партовгоҳҳо мефиристанд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор ба фаъолияти омӯзгорон халал ворид намесозад, чун онҳо дар вақти холии худ ба он машғул мешаванд.

Вай афзуд, “мо муаллимонро аз дарс намегирем, муаллимҳое, ки дар басти дувум кор мекунанд, дар басти якум мераванд. Як нафар аз соати 11 то 12 меистанд ва баъд боз як муаллим ё фарроши дигарро мефиристем. Онҳо рафта ба мардум мефаҳмонанд, ки шумо бояд аз соати 5-и бегоҳ партовҳоро берун бароред. Мо як муддат бояд мардумро фаҳмонем, то кӯдакони ноболиғро нафиристанд, онҳо партовро дар берун аз қуттиҳо рехта мераванд. Онҳо ҳамчунин дар сурати дидани қоидавайронкуниҳо аз сӯи сокинон дар партовгоҳҳо, навор ҳам мегиранд.”

Ба гуфтаи омӯзгори як мактаби шаҳр, ки нахост муаррифӣ шавад, маъмулан то соати 10-и субҳ намояндаи хадамоти коммуналӣ ё бахши тозагии ноҳияҳо ва сар аз соати 10 то 15-и рӯз омӯзгорону фаррошон ба навбат ба ин кор ҷалб мешаванд. Онҳо атрофи партовгоҳҳоро назора намуда, миёни мардум дар мавриди риоя намудани тозагӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд

Дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳр мегӯянд, ҷалби муаллимон ба назорати тозагии маҳаллаву мактаб дар доираи як маъракаи экологии шаҳр сурат мегирад ва дар қатори кормандони дигар соҳаҳо, омӯзгорон ҳам бояд ба таъмини тозагӣ дар пойтахт саҳм гузоранд. Аммо ба гуфтаи Раҳмоналӣ Табаров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе, мактабҳо фақат дар ҳафтае як бор ба ин кор ҷалб мешаванд ва он ҳам иҷборӣ набуда, довталабона сурат мегирад.

Ба гуфтаи ҷаноби Табаров, “ин ба таври доимӣ нест, кадом рӯзе, ки муаллимон бекоранд, рафта ягон соат меистанд, то рӯзона партов андохта нашавад ва қарори раиси шаҳр иҷро шавад. Аслан ин масъулияти “Манзилхадамот” аст, вале мегӯянд, баъзан шумо ҳам аз рӯи имконият, кӯмак кунед, ки дар партовгоҳҳо беназмӣ набошад.”

Дар ҳамин ҳол раҳбарони бархе аз мактабҳои шаҳр мегӯянд, онҳо ба тозагӣ дар партобу маҳалҳо танҳо фаррошон ва кормандони техникии худро ҷалб кардаанд. Сайфиддин Шарипов, муовини раёсати маорифи ноҳияи Шоҳмансур мегӯянд, дар ин ноҳия омӯзгорону масъулини мактаб танҳо барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони маҳалҳои назди мактаб ва волидони хонандаҳои худ ҷалб шудаанд ва ба гуфтаи ӯ, дар мавриди навбатдории муаллимон дар партовгоҳҳо, ягон дастури вижае аз ҷониби ҳукумати шаҳр ё шӯъбаи маориф, содир нашудааст.

“Ҳоло ҳамарӯза бо супориши раиси ноҳия ҳамроҳ намояндагони ҳукумат дар маҳаллаҳо вохӯрӣ дорем, мардумро мефаҳмонем. Мо ба ҳамон маҳаллаҳое, ки ба мактаб вобаста шудагӣ аст, рафта вохӯриву сӯҳбатҳо мегузаронем. Мегӯем, ки дар соати муайяншуда партовро берун оранд. Айб аст, ки муаллим рафта рӯи қуттии партов нишинад.”

Ҳукумати шаҳри Душанбе барои андохтани партов дар партовгоҳҳои шаҳр, 6 соат вақт муайян кардааст. Тибқи дастури шаҳрдорӣ, сокинон бояд партови хонаҳои худро танҳо аз соати 17 то соати 23:00 ба партовгоҳҳо бароранд ва онҳое, ки ин қарорро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд.

Бо вуҷуди муайян кардани ҷарима ва огоҳномаҳои махсус дар назди партовгоҳҳо, ҳанӯз сокинон зимни андохтани партов ба бенизомиҳо роҳ медиҳанд ва қоидаҳои шаҳрнишиниро риоя намекунанд. Барои рафъи ин мушкил ҳамакнун масъулин аз омӯзгорон кор мегиранд -- аз қишре, ки бо вуҷуди кори зиёд, маоши ночиз мегирад.

Гуфтугузорҳо дар мавриди ҷалби омӯзгорон барои назорати нуқтаҳои партовгузорӣ дар ҳолест, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксарият аз ҷалб шудани табибону ҳамшираҳои муассисаҳои тиббии шаҳр барои тамиз кардани бинои нави беморхонаи калонтарини шаҳр интиқод карданд.

Дар зимн, омӯзгорони мактабҳои миёна ва кормандони соҳаи тандурустӣ аз қишре ҳастанд, ки дар бисёр маъракаву чорабиниҳои давлатӣ маҳз аз кӯмаки онҳо истифода мешавад. Дар баробари мусоидат дар тозагии шаҳр, онҳо ҳамчунин ин шабу рӯз ба раъйпурсии умумимиллӣ барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонуни кишвар ҳам ҷалб шудаанд. Маъмулан дар маъракаҳои интихоботӣ ҳазорҳо омӯзгор ба ҳайси нозир, ташкилотчӣ ва раису узви ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ, ширкат мекунанд.

Ба пизишкон ва омӯзгорони оддӣ дар Тоҷикистон аз 400 то 800 сомонӣ, муодили 60 то 120 доллар маош пардохт мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор пизишк ва бештар аз сад ҳазор омӯзгор дар макотиби олӣ ва миёна, кор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG