Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози калонтарин размоиши муштараки ИМА ва Кореяи ҷанубӣ


Нерӯҳои низомии Амрико ва Кореяи ҷанубӣ рӯзи шанбе бузургтарин размоиш дар таърихи манёврҳои низомии муштараки худро дар соҳилҳои шарқии Кореяи ҷанубӣ оғоз карданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи ҷанубӣ рӯзи 12 март калонтарин размоиши муштараки худро дар соҳилҳои шарқии Кореяи ҷанубӣ оғоз карданд. Ин дар ҳолест, ки Кореяи шимолӣ ин амалиётро "таҳаррукоти ҷанги ҳастаӣ" номида ва таҳдид кардааст, ки ба он посух хоҳад дод.

Артиши Кореяи Шимолӣ бо нашри як баёния эълон кардааст, ки "нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии демократи-халқии Кореяи шимолӣ силоҳҳои худро барои нобудии душманон ба даст гирифта ва бо нафрати зиёд аз душман, дар интизори фармони шукӯҳмандонаи фармондеҳи кулл ҳастанд, то ҳукми ҳамлаи одилонаи пешдастонаро содир кунад."

Дар размоиши муштарак, ки имрӯз 12 март оғоз шуд ва қарор аст 8 ҳафта идома кунад, 300 ҳазор низомӣ аз Кореяи ҷанубӣ ва 17 ҳазор нафар аз артиши Амрико бо ҳамроҳи киштиҳои Амрико ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ, ширкат доранд. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, 55 ҳавопаймои ҷангии амрикоӣ ва 30 киштӣ аз ду кишвар дар ин размоиш ширкат мекунанд.

Ин тамрини низомӣ пас аз он баргузор мешавад, ки Кореяи шимолӣ дар моҳи январ барои бори чаҳорум озмоиши ҳастаӣ анҷом дод ва аз тарафи дигар давоми моҳи гузашта чанд мушак дурпарвоз партоб кард. Дар пайи ин озмоишҳо, Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Кореяи шимолӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Шабакаи хабарии CNN гузориш медиҳад, ки Кореяи шимолӣ аз чанд рӯз ба ин тараф дар ҷустуҷӯи як киштии зериобии худ аст, ки дар соҳилҳои шарқии ин кишвар аз сафҳаи радар нопадид шудааст. Мақомҳои амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки мумкин аст ин киштии зериобӣ бинобар мушкили фаннӣ, ғарқ шуда бошад.

Дар ҳоле, ки танишҳо дар шарқи Осиё вориди марҳалаи дигар шудааст, раҳбари Кореяи шимолӣ ба мақомҳои он кишвар дастур додааст, то барои анҷоми размоишҳои ҳастаии нав, омода шаванд.

Амрико ҳудуди 28 ҳазору 500 нафар аз нерӯҳои низомии худро ба таври доимӣ дар Кореяи ҷанубӣ ҷобаҷо кардааст.

XS
SM
MD
LG