Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми мӯҳлати сафирии Ҳусейнов дар Тошканд


Музаффар Ҳусейнов
Музаффар Ҳусейнов

Абдуазиз Комилов-вазири корҳои хориҷаи Узбакистон Маузаффар Ҳусейнов-сафири Тоҷикистон дар Узбакистонро ба сабаби хатми фаъолияти сафириаш дар Тошканд ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон хабар додааст.

Ин мулоқот рӯзи ҷумъа баргузор шуд ва дар он вазири хориҷаи Узбакистон изҳор дошт, ки Ҳусейнов дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар давоми панҷ соли гузашта саҳм доштааст.

Тибқи хабар, дар ҷавоб сафири Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуби фаъолият ва иҷрои муваффақиятомези вазифаи вай дар Узбакистон изҳори сипос кардааст.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон моҳи октябри соли 1992 барқарор шуда буд. Моҳи январи соли 1993 дар Тошканд байни ду кишвар Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ имзо шуд. Соли 2000 Қарордоди дӯстии абадии миёни ин ду кишвар ба имзо расид.

Ҳоло миёни ин ду кишвар кумиссиюни муштараки байнидавлатӣ роҷеъ ба ҳамакориҳои тиҷоративу иқтисодӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG