Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба фаъолони ҳуқуқ иҷозаи тарки кишварро надоданд


Лайло ваа Ориф Юнус
Лайло ваа Ориф Юнус

Боку мегӯяд, ки ба Лайло Юнус-фаъоли ҳуқуқи башари Озарбойҷон ва ба шавҳари вай Ориф Юнус иҷоза дода намешавад, ки барои муолиҷа дар хориҷ Озарбойҷонро тарк кунанд.

Додгоҳи таҷдиди назари Боку 11 март тасмим гирифт, ки ин зану шавҳар ба сабаби боздоштани мӯҳлати ҳабсашон наметавонанд ба Олмон сафар кунанд.

Моҳи август Лайло Юнус барои 8,5 сол ва шавҳари вай барои 7 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Онҳоро барои ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳгор медонанд. Дар моҳҳои ноябр ва декабр додгоҳ онҳоро ба ҳабси шатрӣ маҳкум кард ва онҳо бо назардошти вазъи саломатиашон аз зиндон раҳо шуданд.

Мӯҳлати зиндони онҳо боздошта шуд. Лайло Юнус 60 сол дорад ва раҳбари пажуҳишгоҳи сабтиномнашудаи Сулҳ ва Демократия дар Боку мебошад.

Шавҳараш 61 сола аст ва корманди ҳамин пажуҳишгоҳ аст.Онҳо мегӯянд, ки ба муолиҷаи фаврӣ дар Олмон ниёз доранд

XS
SM
MD
LG