Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли нируҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон такмил шуд


Ҳавзаи низомии марказии Русия интиқоли нируҳои ҳавоии худ ба фурудгоҳҳои Тоюҷикистонро ба поён расондааст. Дар ин бора 12 март хадамоти матбуотии ин ҳавза иттилоъ додааст.

Бино ба ин хабар, дар таркиби ин нируҳо ҳавопаймоҳои бамбафкан-мушакбари Ту-22М3, ҳавопаймоҳои шикории Су-25СМ, бамбафканҳои хати муқаддами ҷабҳа Су-24М, чархболҳои зарбазани Ми-24 ва чархболҳои нақлиёти-ҷангии Ми-8 дохил шудаанд.

Машқҳо дар размоишгоҳи Лоҳур, Ҳарбмайдон ва Мумираку Ҳалқаёр баргузор мешаванд.

Дар машқҳо ниҳодҳои идории вазорати дифои Тоҷикистон, Ҳавзаи низомии марказии Русия воҳидҳои пиёданизом, тупчӣ, чатрбозон ва гуруҳҳои ҳуҷумкунанда ширкат мекунанд. Шумораи умумии ширкаткунандагони ин машқҳо 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳадафи ин машқҳо таҳкими ҳамкориҳои нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва санҷиши омодагии нируҳо барои дафъи ҳамлаи террористӣ дар яке аз қисматҳои марзи ҷанубии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG