Пайвандҳои дастрасӣ

СҲШ стратегияи зидди маводи мухаддирро баррасӣ кард


Торнамои вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон хабар додааст, ки дур Пекин-пойтахти Чин зери раҳбарии Узбакистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ роҷеъ ба такмили қарордодҳои ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳакории Шонгҳой баргузор шудааст.

Дар хабар омадааст, ки дар ин мулоқот пешнависи стратегияи зидди маводи мухаддири кишварҳои узв барои солҳои 2017-2022 ва барномаи фаъолият барои иҷрои он баррасӣ шудааст.

Чину Қазоқистону, Қирғизистону Русия ва Тоҷикистону Узбакистон узви ин созмон мебошанд. Афғонистону Эрон, Муғулистону Белорус дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Туркияву Шри Ланка, Озарбойҷону Арманистон ва Камбоҷаву Непал тарафи ҳамкор дар музокирот мебошанд.

Дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв моҳи июли соли 2015 дар Уфа тасмим гирифтанд, ки омодагӣ барои қабули Ҳиндустону Покистон ба ин созмон оғоз ёбад. Он вақт раҳбарии ин созмон ба Узбакистон гузашт.

XS
SM
MD
LG