Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порламони Покистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки акнун бори аввал таҷовузи ҷинсии ақалиятҳо, қочоқи кӯдакон ва порнография ҷиноят дониста мешавад.

Ин илова ба қонуни ҷиноӣ баъд аз он эътибор пайдо мекунад, ки раиси ҷумҳур ба он имзо гузорад. Дар ин илова ҳамчунин масъулон на аз синни 7 солагӣ, балки аз синни 10 солагӣ ба ҷиноят кашонда мешаванд.

Бар асоси ин қонуни қабулшуда барои таҷовузи ҷинсӣ то 7 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст. То ҳол танҳо барои таҷовузи ҷинсӣ ба муҷозот мекашонданд. Акнун барои порнографияи кӯдакон низ 7 соли зиндон ва ё 700 000 рупия баробар бо 7000 доллар ҷарима пешбинӣ мешавад.

Моҳи августи соли гузашта, вақте ки садҳо навори видеоӣ дар бораи бачабозӣ аз рустои Ҳусайн Хонволо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромад, Покистонро моҷаро фаро гирифта буд.

Баъд аз он 20 нафар боздошт шуданд. Вале он вақт танҳо таҷовузи ҷинсӣ ва бачабозӣ амали ғайриқонунӣ дониста мешуд. Иловаи нав қочоқи кӯдаконро низ ҷиноят медонад. Дар гузашта қочоқчиён танҳо замоне ба муҷозот кашонда мешуданд, ки агар кӯдаконро аз кишвар ба хориҷ бибаранд.

Сара Колмен-раиси бунёди ҳимоят аз кӯдакони ЮНИСЕФ мегӯяд, ин қонуни Покистон қадами муҳиме барои иҷрои Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдакон мебошгад.

XS
SM
MD
LG