Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйири самти қочоқ. Аз Бодканд ба Суғд


Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Мақомоти тоҷик рӯзҳои охир ҳадди ақал аз се мавриди қочоқи молу коло аз Бодканд ба Суғд, ҷилавгирӣ карданд. Дар ҳоле, ки қаблан баръакс молу маҳсулот бештар аз Суғд ба Бодканд ба таври расмӣ ва қочоқӣ, содир мешуд.

Бино ба иттилои расмӣ, мақомоти гумрук ва пулиси Суғд дар чанд рӯзи охир беш аз 400 тонна ғизои ҳайвонотро дар анбори як сокини ноҳияи Ғафуров ошкор намуданд, ки бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ворид намудааст. Қабл аз он хабари боздошти як сокини дигари ин маҳал дар пайи бидуни расмиёти гумрукӣ ворид кардани беш аз 60 тонна бензин аз Бодканд ба вилояти Суғд расонаӣ шуд. Поёни ҳафтаи гузашта боз ҳам се сокини ноҳияи Ғафуров бо 30 тонна нурии минералии қочоқӣ аз Қирғизистон, дастгир шуданд.

Ноҳияҳои Ғафурови Тоҷикистон дар 10 километрии Хуҷанд ва Лайлаки Қирғизистонро танҳо роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом аз ҳам ҷудо мекунад. Хати марз ҳанӯз муайян нест ва сокинони ду тарафи роҳ аз қабл бо ҳам додугирифт мекунанд. Пештар сокинони Лайлаки Бодканд молу маводи мавриди ниёзи худро аз бозорҳои вилояти Суғди Тоҷикистон харидорӣ мекарданд.

Вале ҳоло саволе матраҳ мешавад, ки баъди камтар аз як соли шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди ягонаи гумрукии таҳти нуфузи Русия, вазъ ба самти афзоиши қочоқи молу коло ба шимоли Тоҷикистон тағйир мехӯрад? Ва ё мақомоти тоҷик дар ин давраи бӯҳрони иқтисодӣ, ки пардохти молиёт ба хазинаи давлат коҳиш меёбад, ба хотири рӯёнидани маблағи расмиёти гумрукӣ, мубориза барои ҷилавгирӣ аз воридоти молҳои қочоқиро сахттар кардаанд?

Қирғизистон тақрибан ягона кишварест, ки аз шимоли Тоҷикистон ба ин кишвар бештар мол содир мекунад. Ҳудуди якуним дарсади молҳои содиротии Суғд ба Қирғизистон буда, аз он кишвар камтар аз 1 дарсад мол ворид карда шудааст.

Як мақоми раёсати гумруки Суғд рӯзи 11 - уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ боздоштҳо тайи рӯзҳои ахирро ба “пурзӯр шудани назорат” рабт дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳукумати Тоҷикистон дар муқобала бо таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ва коҳиши вориди асъори хориҷӣ ба кишвар, барои афзоиши содирот ва тадриҷан раҳо намудани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулот аз хориҷ ва ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулот бо роҳҳои қочоқӣ, назорати ҷиддӣ мебарад.

Дар ин робита Алихон Рустамов, сардори Раёсати хадамоти гумруки Суғд дар як сӯҳбати қаблиаш бо хабарнигорон гуфта буд, ҷилавгирӣ аз воридотии қочоқии молу коло аз хориҷи кишвар, як самти аслии фаъолияти ин ниҳод аст. Вай афзуд, дар соли 2015 кормандони гумруки Суғд аз 299 мавриди бидуни расмиёти гумрукӣ ворид намудани сӯзишвории нақлиётӣ аз Қирғизистон, ба маблағи 25 миллион сомонӣ ҷилавгирӣ кардаанд ва омилони қочоқро ҷарима бастаанд.

Вале боз ҳам ба таври қочоқӣ ва ғайриқонунӣ ворид намудани молу маҳсулот аз Қирғизистон, ки равуо ба ин кишвар бидуни виза сурат мегирад, барои сокинони оддӣ ва соҳибкорони тоҷик як манбаи ба даст овардани маблағ ва фоидаи бештар шудааст. Ҳамчунин қирғизҳо низ ба навбати худ аз шимоли Тоҷикистон молу маҳсулоти фаровон, умдатан меваҷотро бо роҳи қочоқӣ ба кишвари худ ворид мекунанд ва ба Қазоқистону Русия содир менамоянд.

Узбакистон марзи худро бо кишварҳои ҳамсояаш, аз ҷумла Тоҷикистон симхорбандӣ кардааст ва аз ҳаракати сокинону нақлиёт дар марз шадидан назорат мебарад. Мубин Шарифов, як сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди ворид шудани Қирғизистон ба иттиҳоди ягонаи гумрукӣ аз нимаи дуюми соли гузашта, боркашонӣ ба ин кишвар аз Қазоқистону Русия соддатар шуда, нархи сӯзишвории нақлиёт, бензину гази моеъ, ангишт ва нуриҳои минералӣ поинтар рафтааст.

Ва сокинони одии марзӣ низ бо роҳи қочоқӣ бо ҳам тиҷорат ва додугирифт мекунанд, то маблағе ба даст оварда ва зиндагии худро пеш баранд. Арзиши 1 литр бензини навъи 92 дар Хуҷанд 4 сомониву 80 дирам ва дар маҳалҳои наздимарзии Бодканд 4 сомониву 50 аст. Ҳамин тавр, 1 литр гази моеъ дар Хуҷанд имрӯзҳо 2 сомониву 30 дирам ва дар маҳалҳои бо Суғд ҳамсарҳадии Бодканд 2 сомонӣ ва каме болотар аст.

Мусоҳибам мегӯяд, сокинон умдатан дар нақлиёти худ миқдори ками молро аз маҳалҳои наздимарзии Қирғизистон тавассути сарҳади шаффоф ворид мекунанд: “Имсол шумораи сокиноне, ки Русия ба ноҳияи Ғафуров ихроҷ шуданд, зиёдтар шуд. Бархе аз онҳо бо тиҷорати хурди наздимарзӣ, маблағе ба даст оварда ва зиндагиашонро пеш мебаранд.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, 1 тонна нурии минералиро қирғизҳои маҳалҳои наздимарзии Бодканд ба харидори тоҷик бо нархи ҳудуди 330 доллар мефурӯшанд ва барои ба расмиёти гумрукӣ даровардани он ба ҳар халтаи 50 килогӣ, 18 сомонӣ пардохт намудан зарур меояд. Аз ин рӯ, сокинон тавассути марзи шаффоф бидуни анҷоми расмиёт ва ба тариқи қочоқ ворид мекунанд, то ин ки аз фурӯши ин молу маҳсулот фоидае ба дасташон монад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG